"Танҳоӣ"

Азизи бевафои ман! Умеди зистанро танхо ба хотири дидори вопасинат ба сар дорам, танхо ба хотири ту рузхои ширини рафтаи хаётро тахаммул мекунам. Ман зиндагиро бо ту мепарастам ва бо ёди ту идома медихам.
Аз ман марав, зеро рафтани ту маро абадан гумрох хохад сохт. Ту медони, ки ман аз танхои метарсам, вакте худро танхо мебинам, ашк мисоли марворид аз чашмонам чори мешавад. Танхоиро пеша кардаму худ аз танхои метарсам, гумон кардам ки танхои метавонад туро аз хотирам берун барад, вале хато кардам.
Боре ман танхо мондам, аз дарди ишку алами танхои гиристаму гумон кардам, ки бароям руз монанди шаб асту торик, зеро лахзае вакти рох рафтан ба кафо нигаристаму касеро надидам. Бо умед ба пеш нигаристам, боз касеро чашмонам дарёфт карда натавонист.
Пас ба осмон нигаристаму сели паррандахоро дидам, ки гуё ба ман имо карда чаро танхои, биё бо мо ошно шав гуён парида мерафтанд ва бори дигар дарак медоданд, ки ман танхо хастам. Ашки талхи танхоиро ба замини танхо рехтам.
Ман дар олами худ танхо мондам. Рузе сахт пазмонат гаштаму бо бахонае зангат задам, боре хостам овози ширинатро бишнавам, зеро пазмони харфу пазмони шухихоят будам. Харчанд аз чудоии мо моххое гузашта бошад хам, хамон овозат пеши гушхоям садо медихад, дигар сабру токат надорам, гурури хеш зери по кардаму ба ту занг задам, харчи бодо бод!
Гумон кардам, ки вакте овози ширинатро аз гушаки телефон бишнавам, дил аз кафас берун меояд. Вале ашк гулугирам кард. Бори дигар худ занг зади, аз холу ахволам пурсиди, пас аз чанд руз омади. Омадиву гуссахои калбам таскин ёфт.
Ин кадар зебо, ин кадар ширин харф мезади. Хостам бисёр чизхоро аз ту бипурсам, аммо аз шоди бар забонам харфе намеомад. Ту боз рафти. Рафтиву дигарбора хомуш монди ва калбамро дарди талхи танхои пахш кард. Гумон кардам, ки калби танхоям бо рафтанат ором мешавад.
Туро хеч гох аз хотирам нахохам баровард. Ин кадар талх будааст хаёти ошики, ин кадар талх будааст танхоии бо ишк монда… Умед бо хукми такдир аз ту дорам, вале дар зиндаги аз ту чудоям… Марав аз ман, марав аз ман азизам, Мабодо аз чудои ман бимирам… Эй бевафои мулки хиёнат, ёдат ба хайр...
Сухтам, бирён шудам, гирён шудам.
ҷонфишони гесуи афшон шудам,
Қаҳр кардам, рашк кардам назди ӯ,
Як қадам то дур шуд,пазмон шудам.
Ру ба ру қадраш надонистам дареғ,
Чун бирафт ӯ пайкари беҷон шудам.
Аҳду паймона бастам баъд аз он,
Пеши ӯ бе аҳду бе паймон шудам.
Дигарон сарсони дунёянду ман,
Дар ҷаҳони хештан сарсон шудам.
Ин нагӯям беҳ, ки дар бозори ишқ,
Бебаҳое будаму арзон шудам.
Нек будам эй Худо,
Гар шудам бад,аз пайи хубон шудам.
Хуршед &Ибодат
Комментарии
Отправить комментарий